– Зариф.
– Дар олам дарде дармоннопазир нест, эй Зариф. Парвардигоре, ки барои бандаҳояш дард додааст, шифо ҳам мебахшад. Касалии ту ҳам дафъ мешавад, ҳарчанд ин гандамараз фарсуда шуда, ба мағзи баданат реша давондааст. Ман ба шарте туро табобат мекунам, ки ниҳод рост дорӣ, имон қавӣ орӣ ва дигар асло фикри худкушӣ накунӣ! Фаҳмидӣ!
– Ҳар чӣ фармоед, эй бузургвор, бе чуну чаро қабул мекунам.
– Худованд мададгори ту бошад, эй Зариф, ки ҳозир сухан аз сидқи дил гуфтӣ. Акнун бархезу ба Ворух баргард. Аз бозор чил мисқол ҷигари гов ва ним ман шалғами сафед, як тикка карпоси наву ним газ ресмони тоза бихар. Ба тани поку либоси намозӣ дар кулбаи тозаву озода маро интизор бош. Иншооллоҳ, баъди се рӯз ба хидматат мерасам.
Аз ваҷоҳати Зариф маълум буд, ки муомилаи хуш ва фармоишоти мушаххасро шунида, пурдил гаштааст. Вале аз чашмони гиряолудаву забони парсингбастааш каломи дигар баромад:
– Бо Қуръони шариф қасам хӯрдаам, ки агар сиҳат нашавам, ба Ворух барнамегардам. Ду рӯз боз луқмае ба даҳон набурдааму назди мазори Чилмурғон шумою Неъматро дида, қиссаи сиҳатшавиашро ба ёд оварда, чун соя аз қафоятон омадам. Шайхбобо, илтимос, илоҷе ёфта, ин маризи исқоту ифлоса аз баданам дур кунед…
Кӯдаквор гиристани ҷавонмарди тануманд дили ҳамаро обу адо гардонд. Шайх Бурҳониддин хаёломез муддате ба қуллаҳои барф-пӯш нигариста, ба хулосаи қатъӣ омад магар, ки аз Абдулсайид пурсид:
– Дар кӯлбори сафарӣ ҷигар ҳаст?
– Ҳаст. Лекин шалғаму ресмону карпос нест…
– Манда ресмон ҳастай! – чобук аз ҷой хест Сабзалӣ. – Дар зини асп кашолай. Ҳозир меёрам.
– Бобоҷон! – беҷуръатона аз домони Шайх Бурҳониддин кашид Неъмати дувоздаҳсола. – Модарам барои эҳтиёт ба ман як куртаи карпос додагӣ. Наппа-нав, дина дӯхтагӣ, ҳанӯз пӯшидагӣ не…
– Агар шалғам ёбем…
– Андаке поёнтар, дар паҳлуи нахудзор ду-се хат шалғам ҳаст…
– Худои меҳрубон мададгори туст, эй Зариф! – даст ба ҳам совид Шайх Бурҳониддин. – Раву даҳ-дувоздаҳ дона шалғам канда бо оби чашма пок шуста биё.
Баъди омадани Зариф бо дастури Шайхбобо Устои гулдаст лахти ҷигарро ба андозаи санҷид чилпора карду Мирмалик шалғамро пӯст канд, Сабзалӣ ресмон оварду Абдулмаҷид куртаи навро ба карпоспора табдил дод. Неъмат оби ширгарм ҳозир намуду дастобрези бобояш шуд, ки ӯ Зарифро дузону шинонда, бе ҳеҷ муқаддима фармуд:
– Аз Каломуллоҳ ҳар чӣ медонӣ, бихон!
Тиловати беҷуръатона зуд анҷом ёфт. Шайх бо таассуф сар ҷунбонда, «кам асту ноқис» гуфт ва афзуд:
– Ҳар як ояту сураҳои Қуръони шариф дардеро дармон мешавад, агар мариз ихлоси том дошта бошаду тану дилу дасту забони пок. Ба қавли Пайғамбари олам ълайҳиссалом «Инналлоҳи назифун юҳибал низофата». Яъне, Худованд пок асту поконро дӯст медорад. Фаҳмо, эй Зариф?! Хоҳӣ, ки шифои комил ёбӣ ва рӯзгорат ноқис набошад, Каломи Аллоҳ ноқис махон!
– Фаҳмидам, эй Бузургвор, – дарҳол ҷавоб гардонд Зариф ва илова кард, ки ин суханро қаблан аз ягон муллои табиб ва табиби дуохон нашунидааст. – Як муллои исфарангӣ маблағро пешакӣ гирифта, нимғурма дуо хонду ҳафт бор «Ё ҳу ё манҳу ё ман ло илоҳа иллоҳу» гӯён намаки дамандохтаашро ба озахҳо пошид. «Албатта шифо меёбӣ» гуфт. Озах муддате гум шуд, вале баъди як моҳ аз нав сабзид. Табиби самарқандӣ дар бораи ихлосу халос хеле гапи китобӣ гуфту бисту як бор сураи «Ғошияҳ» хонду ба рӯйи озахҳо шуф кард. Вале ман аз ин захми мункар бо дидаи тар мондам. Дар хонақоҳи мазори озахи Хуҷанд муллотабиб «Ганда-гунда, канда-кунда, аз дилу ҷигару зоную иштолинг ва мағзу устухони ин банда бишав парканда – пароканда!» гӯён, бо касрат «Ё Аллоҳ!» вирд намуда, салавоту дуои шифо хонд. Ҳайҳот, иллат бо ягон ҳиллат шифо наёфт…
Шайх Бурҳониддин дар ҷавоб ҳеҷ нагуфт, зикри хуфя ба анҷом расонда, беморро нимбараҳна гардонд ва бо дидаи нозукбин ҳар кадом озахро мушаххас муойина кард. Сипас бо тиловати сураи «Фотеҳа» ҳама озахҳо бо карпоспорае пок намуда, аввал як бурда пӯсти шалғамро ба озахи канорӣ молиду онро ба Неъмат дод, то дар болои карпоспораи дигар ҷамъ орад. Тиловатро аз нав шурӯъ карда, лахте ҷигарро рӯйи ҳамин озах совиду онро низ ба Неъмат супорид, то дар карпоспораи сеюм гузорад. Дар фуроварди қироат ба ресмон як гиреҳ андохту онро сари китфи Сабзалӣ овехт.
Лаҳзае нафас рост карда, тиловати «Алҳамд» аз нав оғоз намуд ва тарзи аввала пӯсти шалғаму лахти ҷигар рӯйи озахи дигар совид ва дуюмин гиреҳ дар ресмон андохт…
Баъде ки охирин озах сила гардид, миқдори гиреҳи ресмон ба сию ду расид.
– Агар чилгиреҳ мешуд, кор бенур мешуд! – оҳи сабук кашид Шайх Бурҳониддин. – Сию ду озах дарди бахайр аст, осуда бош, эй Зариф. Ҳозир мо чойнӯширо давом медиҳем, ту карпоспораи пур аз пӯсти шалғамро бигиру ягонтояшро ба замин нарезонда, болои ягон тахтасанги офтобрӯя тунук пошида биё.
Зарифи аз ин гапу корҳо саргаранг бо андаке таъхир баргашту даст пеши бар ҳарфе нагуфта мунтазири амри навбатӣ рост истод.
– Акнун карпоспорае, ки пур аз ҷигари озахмол аст, бигиру ба кӯҳ барою ҷое дарёб, ки гузаргоҳи ҳайвонот бошад ва ҳам бодраҳа, то бӯйи ҷигар ба атроф зуд паҳн шавад. Худат дар камаре ё шохи дарахте пинҳон интизор бош, то гурге, ё рӯбоҳе, ё шағоле ҷигарро битамом хӯрад. Карпоспораро наафшонда биёр.
– Агар ҷигарро саг хӯрад, бад мешавад?
– Пишак ҳам хӯрад, хуб мешавад, фақат ҳамаашро пок-покиза хӯрад. Эҳтиёт бош, ки паррандае ягон ҷигарпора ба ҳаво набарад! Хубаш, ба деҳа раву бо хотири ҷамъ гурбаи ошолудеро зиёфат карда, пагоҳ биё…
Зариф, ки ба деҳа нарафта буд, ҳамон бегоҳ – пеш аз намози шом бо чеҳраи хандон омад ва гуфт, ки «шағоле ҷигарро як луқма карду аз шодӣ дурудароз уллос кашид».
– Аз ту миннатдор шуда, дуо кардааст, ки зудтар сиҳат шавӣ!– гапро ба шӯхӣ кашид Абдулмаҷид. Аммо Шайх Бурҳониддин бо оҳанги ҷиддӣ ба табобати ғайриоддӣ нуктаи таммат гузошт:
– Шод бош, эй Зариф, ки дарди ҳаринаи туро шағоли гурусна пок-покиза хӯрдааст – то даме, ки ҷигар дар меъдааш ҳазм мешавад, гандагӯшти озахҳоят ҳилм пухта мерасад ва баробари хушк шудани пӯсти шалғам ҳама озах хушк шуда, ҳардуро боди фано мебарад.
Бо як нигоҳ маро маълум гардид, ки озах ба дасти ту аз модагов гузаштааст, яъне табиати модина дошт. Аммо табибоне, ки номбар кардӣ, ба озах ҳуҷум оварда, решаро надидаанд. Мо ҳам аввал ба озах ҳуҷум кардем. Пӯсти озах бо пӯсти шалғам, гӯшти озах бо ҷигар тафтид ва ҳолиё, дар марҳилаи фаност. Аммо решаи сию ду озах ҳанӯз дар бадани туст, ки бо ришта бастаем. Ин риштаи тофтаро аз дасти Сабзалӣ гиру худат ба оташ андоз, то сӯхта, хокистар шавад. Сипас ҳар се карпоспораро оташ дардеҳ, то аз озахи севол нишоне намонаду баробари дуди матоъ дуди ҷигарат берун барояд. Акнун ту озодӣ, эй Зариф. Хоҳӣ, ҳамроҳи мо бош…
– Андаке поёнтар сарпаноҳе ҳаст. Хубаш, муддате танҳо бошам…
Зариф пас аз лаҳзае бо як бағал растании сӯзанбарг баргашт.
– Ташвиш кашида, ҳезум овардӣ? – пурсид бо тааҷҷуб Сабзалӣ. –Чӣ даркор?! Атроф пурай.
– Ҳезум не ин, растании шифобахш…
– Чӣ ном дорад? Ба кадом дард шифоай?
– Номаш зағоса, барои Шайхи аъзам овардам. Дамкӯтоҳию нафастангия табобат мекунад…
– Чӣ хел?
– Бобоям мегуфтанд, ки агар сӯзанбарги зағосая хушк кардаю кӯфтаю бехта, як каф ба зери забон партоӣ, асло зиққинафас намешӣ, – Зариф банди зағосаро ба дасти Мирмалик доду Шайх Бурҳониддинро бо тавозӯъ нигарист. – Эй Пири муаззам, тӯҳфаи дарвешонаи маро қабул кунеду аз табибҳо пурсед. Агар гапи ман дуруст бошад, дар Хуҷанд истифода баред.
Шайх Бурҳониддин растаниро бодиққат аз назар гузаронда, хаёломез гуфт:
– Ин рустанӣ барои мо ношинос нест. Зардуштиён онро ҷӯшонда, аз маҳлулаш нӯшокии муқаддас – хаома тайёр мекарданд. Маълум мешавад, ки хокааш низ нафърасон аст.
Ташаккур, эй Зариф, ки барои табобати дарди ҳаринаи мо кӯшиш ба харҷ додӣ…
– Худованд ба ҳардумон шифо бахшад. Хайр, ман рафтам.
* * *
Чун торикӣ атрофро фаро гирифт, ҳама дар тараддуди хоб шуданд. Мирмалик тибқи одат пеши Рахшон рафта, гардану тахтапушташро хорумол карду лундақанде хӯронда, хотирҷамъ болои кӯрпачаи дар алафзор густурда дароз кашид. Муддате рӯйболо хобидаву аз осмони софи пурситора чашм наканда ва шохчаи зағосаро ҳар замон шамида, гапу рӯйдодҳои хелмахели имрӯзаро бо ғалбери хаёлангез покбезӣ намуд. Аз ҳавои серун чуқур-чуқур нафас кашида, ҳис кард, ки чашмаш гарм мешавад. Оҳиста ба паҳлӯи рост гашту зери лаб «дами субҳ бо оби Сияҳкӯл шинос мешавам» гуфт ва осуда хоб рафт…
…Шиноварӣ дар хуни Мирмалик ҷорӣ буду аз бозе, ки худро мешинохт, аз таҳсилу кор фориғ шавад, ба соҳили дарё метохт ва худро бо як ҷаҳон шавқу шодӣ ба оғӯши оби гуворо ва ҳаловатбахши Сайҳун меандохт. Рӯзе ҳаво бениҳоят гарм ва дам шуду ҳарчанд кӯшид, саҳифае хонда натавонист. Лоҷарам аз устоди дабиристони ашрофия Абдуҷаббори Хуҷандӣ илтимос кард, ки соате истироҳат фармояд, то шогирдон майнаҳои гиҷгаштаро бо оби Сайҳун чайқонда, коршоям намоянд. Устод хандиду гуфт:
– Лаҳзае қабл аз хаёл мегузарондам, ки касе ишора ба Сайҳун кунад, дарёнавол аст. Маълум мешавад, ки наволаи ту аз дарёст!
Устод ва шогирдон чун бар лаби дарё расиданд, ҷавонон шарму одобро ҳамроҳи худ ба об афканда, дар тунукобаҳо чун ғукчаҳо дасту по мезаданду шавқун мекарданд. Мирмалик аммо ба онҳо ҳамроҳ нашуду аз устод Абдуҷаббор иҷозат пурсид, ки то ба он соҳил шиновар рафта ояд.
– Дарё паҳновару гирдоб хатарнок нест магар?
– Не, устод. Маро аз хурдӣ одат аст, ки ҳар рӯз як маротиба Сайҳунро убур када, беист ба ин соҳил баргардам – хоҳ тобистон бошаду хоҳ зимистон.
– Аҳсан ба ту, дарёнавола! Лекин, ба ҳар ҳол, эҳтиёт бош. Бо Сайҳун шӯхӣ кардан хатост!
Шогирд «хуб» гуфту либос бадар кард ва хост аз баландӣ худро ба об ҳаво диҳад. Вале… дар пеши чашмаш дарё тағйир ёфту паҳну васеъ гардид, рангаш мисли осмон нилгун шуд. Яъне, Сайҳун ба Сияҳкӯл табдил ёфт. Азбаски Мирмаликро аз раъйи худ гаштан одат набуд, бедаранг ба об парид.
Аз оби сарду тоза танаш роҳат карду покию беғуборӣ имкон дод, ки нотарсона чашмонашро кушода, ба гирду пеш нигарад. Хуш шино мекарду лаҳза ба лаҳза шефта мешуд ба оби зулол, ки бо ҷилою равшании худодод олами дигаре пеши назараш ба ҷилва овард. Аввал гули обие дид, ки на барг дошту на реша, сипас чанд моҳие ба назараш намуд тиллоранг. Ва боз сангпуште диду садафу гавҳару марвориди бешумору рангоранг. Баъд гули зарде пешорӯяш баромад, ки дар оби каб-кабуд аҷаб зебою дилписанд метофт.
Мирмалик торафт нафастанг мешуд, лек дандон ба дандон совида, обнавардӣ ва тамошои олами нафосат идома медод.
Баногоҳ манзара тамоман дигар гашту як села моҳию моҳичаҳо ҳаросон аз паҳлӯяш гузаштанд. Аз думи онҳо моҳии бузурги даҳшатафкан шино мекард ва чун наздик расид, Мирмалик баръало дид, ки он наҳанг нею аспи сиёҳи обист!
Гапи Абдулсайид ёдаш омаду нафаскаширо фаромӯш карда, бо тамоми қувват дасту по зада, бо азобе ба тахтапушти лағжонаки саманди афсонавӣ нишаст, то шерафкан шавад.
Нишастан ҳамон аспи обпар тезтар аз тири камони қодирандоз пеш парид ва дар як мижазанӣ шаҳсавори худро ба он тарафи Сияҳкӯл, ба ҳалқаи париёни обӣ расонд, ки рӯйи сабзаи маҳини домони кӯҳ ҳамоғӯш бо лолаву гули наъно нишаста, шабро бо хушҳолӣ ҷониби рӯз мебурданд. Ҳама зулфи каҷу қомати чун алиф рост доштанду ҳусну ҷамоли ҳайратангез ва яке аз дигаре зеботар менамуд. Аспсавори ҷавону хубчеҳра ва қавипайкар мафтуни ҷамолу ҷалоли хубони хубрӯй гашта, муддате лабташнаю дилҷастаю ҳайрону ночор истод. Ва… чун нек нигарист, Нигинаро дар байни париҳои паррон дид, ки хиромон мерақсид. Ҳуш аз сару ранг аз рӯяш парид. Саросема аз асп фуромад ва ба соҳил баромад, то Нигинаро аз банди париён халос кунад.
Ӯро дидан ҳамон париён нопадид гаштанду Нигина ҳам ғайб зад.
Мирмалик хост номи духтаракро ба забон оварда, баланд фарёд кунад. Вале аспи обӣ пештар овоз бароварду марғуланок шиҳа кашид.
Бо шунидани садои гӯшнавоз Мирмалик аз хоб бедор шуд…
Аз болин сар бардошта, ҳаросон ба чапу рост чашм давонд. Боз шиҳаи асп баланд шуд. Ин дафъа Мирмалик садои Рахшонро дарҳол шинохт ва бесаранҷом гашта, ба марғзор дида дӯхт. Дид, ки дар паҳлӯи Рахшон боз як аспи сиёҳ истодааст. Бо пушти даст чашмонашро молида, бовар кард, ки он чӣ мебинад, давоми хоб нею дар бедорист ва ҳамон аспи обии навакак дидааш бо арғумаки хуҷандӣ гардан ба гардан молида, хингвор гуфтугӯ доранд!
Ҷавони нимхобу нимбедор лаҳзае ноҷунбон нишастаю зери лаб калима гардонда, нақшаи амал кашид. Ба чунин қарор омад, ки ноаёну бесадо ба сияҳсамандҳо наздик омада, оҳиста ба аспи обӣ савор мешавад. Бо ин ният аз ҷой хест. Худи ҳамон лаҳза аспи обӣ чароғпоя шуду баланд шиҳа кашид ва дартоз ба Сияҳкӯл ҷаҳид…
Орзуи ширини Мирмаликро об бурд. Пушти даст бо дандон газида, зиқуннафас ҳамроҳонро нигарист ва андаке осуда шуд – ҳама ғарқи хоби ширин буданду рӯйдоди афсонавиро надиданд ва ба ҳоли ҷавони нокомгашта нахандиданд.
Чанд гулӯ ҳавои тоза даркашида, андак ба худ омад ва хост пеши Рахшон раваду дарди дил ба ҷонвари рамузфаҳм гӯяд ва бори вазнин аз дӯш поён фурорад. Аммо аспи доно ишора намуд, ки майли сӯҳбат надорад – дасту пойҳояшро ба таги шикам кашида, чун дигар ҳамҷинсонаш фук болои сабза ниҳоду хобид…
Мирмалик дар замину моҳи мунир дар осмон бо шаби пурафсун танҳо ба танҳо монданд. Ахтарони сершумори осмоннишин, ки ҳамроз ва нигаҳбони моҳи нокоста ва ҷавони навхоста буданд, мисли душизаҳои париваш дар рӯйи оби мусафои Сияҳкӯл аксандозию обсаворӣ карда, мекӯшиданд то шаби пурҳаводисро сония ба сония кӯтоҳ намуда, ба рӯзи равшан расонанд. Мирмалик баръало медид, ки ситораҳои хурду калон аз дуру наздик ҷониби вай чашмак мезаданд, то сухане бигӯяд ва бори дил сабук намояд. Зеро онҳо медонистанд, ки сангҳои гунгу хомӯши атроф қудрати суханфаҳмию дилбардорӣ надоранд. Ҷавони яккаву танҳо миннатдор аз ахтарон буд, аммо беист афсӯс мехӯрд, ки онҳо дастнорасанду вай дасткӯтоҳ ва ҳини шабзиндадорӣ наметавонад ситорае ба каф гирифта, рози дил ифшо намояд. Ҳарчанд дили бедораш аз хаёлу орзу ва гумону тасаввур пур аст, фақат бо шамъи нигоҳ метавонад шаби тор равшан гардонад, то тарсу ҳаросу ваҳмро дур афканад…
Оре, ҷавони камсухан ва камтаҷриба, ки қаблан ба хобу таъбири он эътиборе намедод, имшаб ҳолати дигаргуна дошт. Яке сухани падари Сабзалӣ ёдаш омад, ки боре гуфта буд: «Касе парӣ дар хоб бинад, хушбахт гардад, вале агар бо парӣ гап занад, девона шавад». Гапи бобои Одинаро бо хоби дидааш қиёс намуда, ба хулосае расид, ки хушбахтӣ пешорӯяш қарор дорад. Аммо зиқ шуд аз он ки Нигинаро аз ҳалқаи париён озод карда натавонисту вай ғойиб шуд.
Мирмалик медонист, ки ин хобро таъбир мухтасар ва якгуна нест. Зеро Нигина ҳанӯз дар бедорӣ аз мадди назари меҳрполояш нопадид гашта буд. Вай бо як ҷаҳон умеду орзу аз Хуҷанд армуғони дӯстӣ овард, аммо ин духтараки содаи Бимастура худро духтари хонаю ӯро ҷавони номаҳрам ҳисобида, лоақал як бари рӯяшро нишон надод. Ва агар бо лафзи шоир Абдулмаҷид гӯем, кабутари хонагӣ шоҳини паркушодаро паршикаста кард.
«Ҳоло Нигина дар куҷо бошад?» – худ аз худ пурсид Мирмалик ва гапи падари духтарак дар буни гӯшаш садо дод: «Касе аспи обиро бинад, аспафкан мешаваду агар ба он савор шавад, шерафкан хоҳад шудан». Мирмалик ба ёд овард, ки аспи обиро ҳам дар хобу ҳам дар бедорӣ дид. Лекин дар хоб савор шуду дар бедорӣ натавонист. «Оё шерафкан мешуда бошам?»
Ба ин пурсиш посух наёфта, мулоқоти ду сиёҳсаманд пеши назараш омад, вале аз таъбири он оҷиз монду каломи модаркалонашро аз дуриҳои дур шунид: «Хоби парешон ба чароғ гуфтан даркор, то бадияш бисӯзад!»
Мирмалик дубора зиқ шуд: зеро медонист, ки дар кӯҳистон чароғ нест. Вале ба осмон нигаристу гули рӯяш шукуфт: моҳи тобон – чароғи осмон ягона мӯнису ҳамрозаш буду бе ҳеҷ дудилагӣ хоби парешон ба моҳи дурахшон гуфт, то сиёҳию тирагиҳояш равшан шавад.
Гапи модаркалон дуруст баромаду рози дил ба моҳ гуфтан ҳамон хотири парешони Мирмалик ҷамъ гардид. Зери лаб хандид. Ба қарори қатъӣ омад, ки субҳ ба чашми хобнок сурма кашад, яъне хоби парешону андешаҳои барҳам ба дигарон равшан насозад. Сабр кунаду роз нашикофад ва таъбири хоб аз аспрези Исфара дарёбад…
Равзанаи панҷум. Ишроқе
6
дар Моҳпарӣ оғозбахши достони нерубахши зиндагӣ
Аспрези Исфара – майдони махсуси аспдавонӣ, ки тарафи рости роҳи Шӯроб, дар дили дашти Моҳпарӣ воқеъ буд, аз дур ба молбозор шабоҳат дошт. Як тараф тамошочиён аспу уштур ва маркабҳои савории хешро ба дарахтони лаби ҷӯйи беоб баста буданду тарафи дигар ҷавонмардони асптозу камонвар – иштирокчиёни мусобиқаи имрӯза самандҳои хелмахели худро хорумолу парҳамелӣ мекарданд, яъне қанду ҷави андак аз кафи даст медоданд. Дар мобайн бошад, даҳ шутури бухтӣ ва барраи бахта – гӯсфандони се-чорсолаи фарбеҳ ва ахтанашуда, ки ба ғолибони сабқат ҳадя мешуд, ба назар мерасид.
Абдулсайид кафи дасташро соябон карда, ба дуртар нигарист ва дид, ки тамошобинон аллакай хеле зиёданду дар талу теппаҳои атроф ва ҷойҳои ҳамвор намаду бурё ва чодару ҷомаҳоро бенизом густурда, гурӯҳ-гурӯх давра нишаста, обу нон бо мағзу мавиз таматтӯъ мекарданду перомуни имрӯза зӯрозмоӣ фикру андешаю тахмину фарзияҳои пешакии худро иброз медоштанд ва хунгармҳо бо якдигар шарту байъ мекарданд. Шаҳриён дар теппаи баланд маскан гирифта буданду сокинони деҳоти атроф поёнтари онҳо, аммо мухлисони аз дур омада – хуҷандиён, фарғонагиҳо, масчоҳиён, кандиҳо, истравшаниҳо мувофиқи имкон ва муносиби ҳоли худ ҳар ҷо – ҳар ҷо нишаста, нисбатан камгапу камҳаракат буданд.
Дар аспрези бузург ягон зан ё духтар наменамуд. Аз ин ҳол Абдулсайид, ки нозпарвараш Нигина ва ҷиянҳояш Назокату Назоратро барои тамошо оварда буд, димоғсӯхта шуд. Сархам назди аробаи болопӯшида рафт, то бо маслиҳат тадбире ёбад. Ҳарчанд хуб медонист, ки димоғи сӯхтаашро ягон илоҷ нест ва дар корзори мардони мард зани зайиф ҳатто бо зорӣ роҳ намеёбад.
Моҳиятан нозук будани масъаларо фаҳмида, духтарон лаҳзае хаёломез хомӯш истоданд. Аввалин шуда Назокат таркид:
– Илло-билло, ки то пойгаи аспдавония набинам, ҳеҷ куҷо намеравам! Агар додои худам мебуданд, албатта ягон илоҷ меёфтанд.
Гапи сахттаъсирро Абдулсайид бе ранҷиш шуниду бо табассум Нигинаро нигарист. Вай пардаи шаффофи қафои аробаро саҳл боло бардошта, теппаи мобайниро холӣ диду бо хушнудӣ нидо кард:
– Ана он теппа беҳтарин ҷойи тамошо! Ба ҳеҷ кас халал намерасонему ҳеҷ кас ба мо халал намерасонад.
– Рост мегӯйӣ, духтарҷон, ҷойи хуб аст, вале барои мо дастнорас аст! Ҳокимону бузургон он ҷо мешинанд. Намебинӣ, ки айвони зебое сохта, бо фаршу қолинҳо оростаанд.
– Барои ҳамин хоб-холӣ асту ҳеҷ кас ба ин баландӣ наздик намешавад, – худро доно тарошид Назорат. – Нигоҳ кунед, одамҳо мӯру малах барин меоянд, лекин ҳеҷ кас ба он теппа майл намекунад.
– Агар ин теппа нашавад, дигараш ҳаст-ку! Рафтем ба пеши ворухиҳо! Ҷойи нишасти онҳо боби тамошо!
– Намешавад! – қатъӣ нидо кард Абдулсайид. – Агар он ҷо равем, ҳамқишлоқиҳо ба ҷойи аспи тозӣ шуморо тамошо мекунанд. Хубаш, ҳар сеятонро ҳавлии Усто Мулло бараму бехалал дам гиред…
– Мо барои дамгирӣ ба Исфара наомадаем, амакҷун. Илло-билло, ки…
– Дамата гир, Назок! – андаке барошуфт хоҳари калонӣ. – Ба умеди тамошо, ки омадаем, ноумед намеравем. Оё намешавад, ки дар ҳамин ҷо истода, аз ароба нафуромада, мусобиқаро бинем…
– Фикри маъқул, – пушти гардан хорид Абдулсайид. – Лекин… оё нафастанг намешавед?
– Тоқат мекунем, додо. Дидем, ки нашуд – бе малоли хотир ба ҳавлии бобои Усто Мулло меравем.
Дигарон низ ба ин фикр розӣ шуданду Абдулсайид аробаро каме болотар ронда, пасу пеши чодири болопӯшро ҳавогузар намуд. Аз куҷое Абдулмаҷид пайдо шуду Назокат аз шодӣ қанотак зад:
– Хайрият ки омадед, акои Абдумаҷид. Се рӯз боз калаам гаранг, ки Моҳпарӣ худаш кӣ?
– Моҳпарӣ духтари подшоҳи Чин. Як доя дорад, аҷаб буду бало, ҷодугари зӯр! Номаш Шарвона. Вай падари Моҳпарӣ, яъне фахфури Чинро дӯст медораду мехоҳад, ки аз хати кашидааш берун наравад. Агар подшоҳ хашм гирад, духтар аз пеши чашми ӯ бубарад ва ба ин дашт биёрад. агар подшоҳ меҳрубонию музоот кунад, Моҳпариро дар як зум бозгашт ба Чин мерасонад.
– Вой падарлаънате! Ҳозир ин Моҳи паридор куҷо бошад?
– Инашро ҳеҷ кас намедонад. Ба саволат, ки ҷавоб гирифтӣ, нафас ях! Бодиққат ба дашт нигар, шояд Моҳпарӣ ба назарат намояд! – шоир бо чеҳраи хандон паҳлуи Абдулсайид болои шолчаи нимдошт бароҳат нишаста, ба ҷойи ҷамъшавии довталабон нигарист, то муайян кунад, ки Мирмалику Сабзалӣ омадаанд ё не?
Дар лангаргоҳ аллакай даҳҳо ҷавонони бахтозмой ҷамъ шуда буданд ва, албатта, ба зӯри бозуи хеш ва чусту чолокии оташнаълҳояшон бовар доштанд. Вале азбаски маъруфу машҳур набуданд, тамошогарон ба онҳо он қадар рағбат зоҳир намекарданд ва гӯшбақимору чашминтизор меистоданд, ки аз човандозҳои номӣ кӣ меомада бошад…
Интизорӣ тӯл накашид ва савори аспи сафедмушкин ҷавонмарди қавиҳайкале дар иҳотаи панҷ гурди муҳофиз намудор шуд. «Афзали Беварасп омад!» – ин ҷумла барқвор дар ақсои аспрез паҳн гардида, то гӯши духтарон расид ва ҳар се аз ҷой нимхез шуда, кунҷковона ҷониби чобуксавор нигаристанд. Човандози номӣ, ки чунин истиқболро интизор буд, дастонашро боло бардоштаю дар ҳаво алвонҷ дода ва панҷаҳои баҳодуронаро бо ҳам занҷир андохта, гӯё бо кулли ҳаводоронаш дастфишорӣ намуд.
– Ин бодичаи беваасп кӣ? – лабу даҳонашро бо аломати таҳқир ғунча карда, саволомез ба амакаш чашм дӯхт Назокат.
– Беваасп не, Беварасп! – ӯро ислоҳ намуд Абдулсайид. – Номаш Афзал, зодгоҳаш Хистеварз. Беварасп лақаби падараш, ки мисли додою бобояш асппарварию харҷаллобӣ мекард. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки даҳ ҳазор зиёдтар асп дошту аз ин боис Беварасп лақаб гирифт.
– Бевааспи ту солдармиён ғолиби мусобиқаи наврӯзӣ мешавад, – илова намуд Абдулмаҷид. – Имсол яке аз довталабҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
– Минбаъд ин нинакало мукофота дар хоби шабаш мебинад. Ҷое, ки Мирмалик ҳаст, дигар ғолиб нест!
– Шакар ба забонат, амакдухтар! – Нигина хам шуда, аз рухсораи Назокат бӯсид. – Боз киҳо довталаб бошанд?
– Довталабҳои асосӣ акнун меоянд, духтарҷон. Дигар мухлисҳо мисли мо интизоранд. Онҳо…
Гапи Абдулсайид нимгуфта монду овози мунодӣ баланд садо дод:
– Абдуллои Роғӣ ва Амини Фалғарӣ омаданд!
Мухлисони сершумор аз ҳар канор чобукрикобҳои зарафшониро, ки зеби ҳар маърака буданду бе фиребу найранг, аммо бо кӯшиши аҳлона ва ғайрати мардона барои ғолибият то лаҳзаи охирин мекӯшиданд, бо нидои шодӣ пешвоз гирифтанд. Ҳасани Хуҷандӣ ва Заҳири Истаравшанӣ ҳам хуб пазируфта шуданд. Аммо ба аспрез ворид шудани Мирмалику Сабзалиро аксарият нодида гирифтанд ва ғайр аз даҳ-понздаҳ тамошобини хуҷандӣ аз маҳаллаи Мирзоён ва ҳафт-ҳашт ворухӣ – муридони Шайх Бурҳониддини Валӣ ягон нафари дигар садо набаровард.
Табиист, ки чунин пазироӣ ғаши духтаронро оварду Назокати арразабон бо истеҳзо гуфт:
– Мухлис нашуда муретун! Шаҳсавор аз харсавор фарқ карда наметунанду ҳуштак кашида, беҳуда ғавғою мағал мекунанд…
Нигина бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда, хост ҷумлаи обдоре илова кунад, вале мухлисон ба вай имкон надоданд. Баробари пайдо шудани ду ҷавони яктаҳи сафедпӯш, ки дар сар тоқии чоргула ва пешонабанди сабз доштанд, мавҷи азиме аз ҳар ҷониб ба хурӯш омаду аз нисф зиёди тамошобинҳо сари по хестанд.
– Ҳамшаҳриҳои худамон, – гуфт Абдулмаҷид ва давоми ҷумларо мунодӣ ба забон овард: – Дугоникҳо Ҳасан ва Ҳусайни Исфарангӣ!
Ғулғули мардум аз аввала бештар гашту дугоникҳои чеҳрахандони ҳамқаду баст аз самандҳои якхелаи ҷигарранг баробар ба замин ҷаҳида ва даст ба сандуқи сина ниҳода, баробар сари таъзим фуруд оварданд. Аз ин амали озодамардҳо ҳам эҳтироми муштариён ва ҳам таваҷҷӯҳи ҳамагон дучанд гашт.
Мунодӣ ба аспрез ворид шудани Нӯъмон ибни Амири Кандиро ботантана эълон карда, илова намуд, ки ҳафт пушташ судур асту паҳлавон ва Бачашер лақаб дошта, се карат зафарманди озмуни пештозӣ шудааст. Муштариён ӯро бо хушҳолии оммавӣ пазироӣ карданд, аммо Назокат боз бо лаби каҷ эрод гирифт:
– Аспаша бинед, аз хари мо хурду аз гурбаи ҳамсоя лоғар!
Ҳақиқатан ҳам аспи зарди хурдҷуссаи чашму сараш майда ва думкӯтоҳи Бачашер назарногир менамуд. Вале кам касон медонистанд, ки гардани тахтаю сермушак, бинии васеъ ва пойҳои чандири саманд нишонаи беҳтарини зоти аспи саворӣ ва шикорӣ аст. Абдулмаҷид, ки инро медонист, ба духтарон фаҳмонд:
– Аспи Бачашер шербача аст! Ҳар касе бо чунин чоргома ҳамсафар бошад, бар сари ӯ бахту толеъ нуру зиё мепошад.
– Ин хелак не! – якравона хитоб кард Назокат. – Аспи Мирмалик аз ҳама беҳтар! Вай аз ҳама баландахтар!
Духтарон хандиданд ва фаҳмиданд, ки Назокат бо тамоми вуҷуд ҳаводори Мирмалик асту ё аз нодонӣ, ё аз доноӣ ҳиссиёти худро пинҳон дошта наметавонад. Дигарон низ тарафдор ва иштиёқманди ғалабаи ин ҷавонмарди ситорагарму меҳрубон буданд, вале ҳавопарастӣ накарда, мекӯшиданд, ки пеш аз пода чанг набардоранд. Нигина, ки аз дасти кушоди ин ҷавони нозанин аллакай се дастовези дилнишин гирифта буд, дар аспрези бузург фақат ӯро медиду ҳар ҳаракаташро бо дидаи пурмеҳр менигарист ва дуои неки Шайх Бурҳониддини Валиро ҳангоми гусел аз Ворух зери лабҳои хомӯш гаштаю баргашта такрор мекард: «Туро, ҷиянам, дар аспрези Исфара бахти фирӯз дастёр, арвоҳи қудсӣ дасткор, ситораи само пешкор ва Худои меҳрубон мададгор бод!»