Книга Нигина ва Мирмалик - читать онлайн бесплатно, автор Додохони Эгамзод. Cтраница 11
bannerbanner
Вы не авторизовались
Войти
Зарегистрироваться
Нигина ва Мирмалик
Нигина ва Мирмалик
Добавить В библиотекуАвторизуйтесь, чтобы добавить
Оценить:

Рейтинг: 0

Добавить отзывДобавить цитату

Нигина ва Мирмалик

Нигина боз ҳарфи савганд ба забон оварду он гоҳ падар иҷозат дод, ки назди амакдухтараш равад ва ҳар он чӣ вай гӯяд, беранҷиш қабул намояд.

Нигина болу пар кушода, сӯйи амакдухтар парид. Вале Назокат ҳатто «биё» нагуфту ягон илтифот ё маслиҳате накарда, бо такаббур гуфт:

– Барои Мирмалик ман тӯҳфа тайёр мекунам! Барои дигарҳо – ту!

…Сурхчатоб шудани гунаи Нигина, албатта, аз назари борикбини Бибинурӣ пинҳон намонд. Вале худро нодида гирифту духтаронро офарин хонд:

– Боракаллоҳ, духтарҳои баақли оча. Яъне ки ҳеҷ кас фаромӯш нашудаасту ба ҳама барги сабзе мерасад. Фақат… ҳайрони онам, ки ин тӯҳфаҳоро чӣ хел месупоред? Армуғони Нигина, ки андак будааст, кораш осон… Аммо Назокат як ароба тӯҳфаро чӣ хел мусупорида бошад?

Ба маънои таҳтонии саволи душвор дуруст сарфаҳм нарафта, Назокат ҷавобро осону мухтасар кард:

– Акои Мирмалик албатта ҳамроҳи дигарон барои пешвозгирӣ меоянд. Ҳама тӯҳфаро бо ду дасти адаб ба дасти муборакашон месупорам!

Гапи болои ароба, мутаассифона, ба лаҳзаи истиқбол рост наомад: дар байни пешвозгирандаҳо Мирмалик набуду дар ҳавлӣ ҳам нанамуд.

Назокат дилтангона ин сӯ – он сӯ нигаристу тоқаташ тоқ шуд:

– Духтарҳо, Мирмалик канӣ?

– Дар Ғӯрганҷ.

– Куҷо-оо??

– Пойтахти Хоразм. Акоям сарбози Хоразмшоҳ шудагӣ.

– Аз кай?

– Се моҳ пештар… Баъде ки дар Исфараи шумо ситораи навқирон шуду ба замину осмон шаъшаъа пошид, Хоразмшоҳи ҳамабин намояндаи махсус фиристода, ба Ғӯрганҷ бурд.

– Кай меоянд?

– Худо медонаду подшоҳ…

–Вай шаҳра номаш Урганҷ буд ё Гурганҷ… дар куҷо? Аз Хуҷанд дур ё наздик?

– Аспи хушрав дар чил рӯз мерасад. Бо киштӣ ниммоҳа роҳи обӣ…

– Хеле дур будааст ин гуршаҳр… Рафта наметавонам… Уф-ффф…

Назокат нохост калавиду ба замин нишаст. Рухсораи аноррангаш дар они воҳид мисли пахтаи нимхоми аз ғӯза кашида сафедчаи кабудфом ва бетароват шуд. Бо душворӣ нафас кашидаю чаппаю роста забон гардонда, ҳарфу ҳиҷои муғлақ мегуфт. Ҳама пакар гаштанду Нигина барқвор пеши амакдухтари нимзиндаю ниммурда омад ва гӯш ба даҳонаш наздиктар бурд. Бо душворӣ шунид, ки Назокат оби ях барин хунук мехоҳад…

– Духтараки бечора аз роҳи дуру дароз хастаю шалпар шудааст, – оромона садо баровард Бибинурӣ ва Нигинаро фармуд, ки ӯро ба хонаи канорӣ бурда, муддате ҳамроҳ нишинад. – Натарс, ин дарди бахайр, тез мегузарад. Ба падараш хабар додан ҳоҷат не…

Ҷумлаи охирин тарсу ларзро аз андоми Нигина дур афканд. Фаҳмид, ки ҳам барои Бибинурӣ ва ҳам барои амакбобояш ба садамаи асаб гирифтор шудани Назокат ҳодисаи ғайричашмдошт нест! Дарҳол гапи пардапӯши падар ёдаш омад: «Амакбобоят, ки аз ҳама гапу кор бохабар будаанд, ҳилаи зӯр фикр кардаанд». Чӣ будани ҳиларо Нигина он рӯз намедонист, аммо имрӯз сарфаҳм рафт. Бори дигар бовар кард, ки амакбобояш ҳам тоҷир ва ҳам шоҳмотбози моҳир аст: ба духтари маҳбубаш ягон ҳарфи тунду тез нагуфта, ба қалби ҳассос ва буғранҷи вай заррае ранҷу озор нарасонда, имкон додааст, ки табъи дили савдозада амал кунаду то Хуҷанд расад ва худаш бовар кунад, ки мурғи бахти хаёлиаш ҷойи дигар паридааст. Бигзор андаке ба ҳаяҷон ояд, лек худаш аз савдои хом дилхунук шавад…

Тадбири ақли ҳилагар натиҷаи дилхоҳ доду оши бемаслиҳат табъи дили падар пухт. Назокати дунёбехабар, ки амсоли дигар ҳамсолони қишлоқияш нопухтаву хомрой буд, пас аз ошуфтану сӯхтани лаҳзавӣ чун абри сиёҳдили тирамоҳ ашк рехтан оғоз кард. Хеле гиристу дилашро холӣ намуд ва ақли кӯдаконааш тадриҷан равшан гардид. Фаҳмид, ки дидори Мирмалик бо оби дида муяссар намешавад. Маслиҳатҷӯёна Нигинаро нигарист:

– Акнун чӣ кор мекунем, амакдухтар?

– Аз Бобокалони Бузург фотиҳа гирифта, ба мадраса меравем. Мехонем, то…

– Эй Нигина! Ту дар Хуҷанд меистӣ??

– Албатта. Охир, мо ба нияти хондан омадагӣ… Чӣ, магар аз қавлат гаштӣ?

Назокат, ки аз Ворух то Хуҷанд – тамоми роҳ забонаш мисли андалеб дар тараннум буду лабонаш чун гул ғарқи табассум ва гаштаю баргашта шаҳри соҳили Сайҳунро таърифу тавсиф мекарду нақшаҳои болохонадор мекашид, ҳоло шабеҳи мусичаи убол пату пари кашол, чашми каҷхамида дошт, оби даҳонашро бо азобе фурӯ бурда, базӯр курр-курр намуд:

– Ман ба ҳеҷ кас қавл надодаам… Аз ҳеҷ кас забонкӯтоҳ нестам… Бо чашми худат дидӣ, ки баробари ба Хуҷвнд расидан аҳволам чӣ хел табоҳ шуд… Боду ҳавои ин шаҳр ба дилам нафорид… Аз ҳамин сабаб меравам…

– Ба Ворух меравӣ ё Ғӯрганҷ?

– Пичинг назан, амакдухтар, дилам танг шудагӣ, парс мекафад… Албатта бозгашт ба Ворух меравам, ки хуштар аз он ҷойе набошад.

– Ихтиёр турост… Лекин… ҳадяҳоро чӣ кор мекунӣ?

– Ман ҳам Бобои Хуҷандӣ дорам, садри бозори Хуҷанд Маҳмуди Бозаргон. Ҳамроҳи падарам барои харидани зару зевар равем, зардолую мағзу чағз дастовези мо мешавад…

– Камарбанду дастрӯймолҳо…

– Фикру хаёли бад накун, амакдухтар, ин тӯҳфаҳоро ба соҳибаш месупорам…

– Чӣ хел?!

– Баъдтар мебинӣ… Дарвоқеъ, дафъаи гузашта пеш аз ҷашни Наврӯз лаби дарёи Сайҳун рафта будӣ, а?

– Ҳа.

– Роҳро медонӣ?

– Албатта.

– Илтимос, амакдухтар, дарёро ба ман нишон деҳ…

– Чаро?

– Натарс, амакдухтар, ман ҳеҷ вақт худро ба об намепартоям. Аз зиндагӣ умеди калон дорам. Фақат… дарёро тамошо кардан, мисли ту бо оби равон сухан гуфтан мехоҳам…

Амакдухтарон дар соҳили Сайҳун муддате сукут варзида, ба тамошои манзараҳои дилфиреб машғул шуданд.

Қулфи хомӯширо Нигина шикаст:

– Аз ғам холӣ шав, эй амакдухтар. Рози дил ба дарё рез…

Назокат ҳарфе нагуфта, бастаеро аз зери бағал берун оварду бо тамоми қувват ба мобайни дарё ҳаво дод.

– Назок, чӣ кор кардӣ?!

– Орзуи дил ба об андохтам.

– Равшантар гап зан, амакдухтар, чиро ба об партофтӣ!

– Вақте гуфтанд, ки «аз Хуҷанд то Гурганҷ ниммоҳа роҳи обӣ» ин ният дар сарам пайдо шуда буду онро ту пазондӣ, амакдухтар. Худат дидию агар зарур шавад, шаҳодат медиҳӣ, ки ман камарбанду дастрӯймолҳои армуғониро ба соҳибаш роҳӣ кардам, – овози Назокат ларзиду ҳой-ҳой гирист. – Дареғу дард, ки дар Хуҷанд дари бахту орзуҳоям кушода нашуд, амакдухтар. Ба умеди шодӣ омада, гирён шудам… Дилшод омада, дилшикаста шудам… Сирри дил пурра ба Сайҳун гуфтам ва аз оби равон илтиҷо кардам, ки дастовези бо ҳазор умед овардаи духтараки содаи қишлоқиро ба соҳибаш расонад…

Алвидоъ, орзуҳои ширини кӯдакӣ…

Акнун ман бе дилкашолӣ бозпас меравам, эй амакдухтар!

Мирмаликро ба ту ва туро ба Худо месупорам…


* * *


Назокатро чун муродаш дар шаҳри Хуҷанд ҳосил нашуд ва мурғи дилаш аз парвоз монд, лоақал як рӯз истодан нахоста, шитобон сӯйи зодбуми хеш гом бардошт. Ниҳоли иқболи Нигина бошад, филҳол боло кашид ва аввалин сухане, ки дар фарҷоми ҳафтаи аввал аз Гулсимо шунид, башорат аз нумӯ буд:

– Эй хоҳар, модари ман туро салом расонда, мегӯяд, ки мабодо дар Хуҷанд худро кабутари муҳоҷир ҳисоб накунӣ, зеро набераи бародар набераи хоҳар асту дар ҳар ду ҳавлӣ ту ҷойгоҳи хоса дорӣ!

Ин паёми хуҷастаро Саодат боз ҳам фархунда гардонд:

– Падарам розӣ шуданд, ки ҳафтае як маротиба моро илми мусиқӣ омӯзанд!

– Ин гапро агар Назокат барвақттар мешунид, шояд ба Ворух барнамегашт, – баъди арзи сипос иловатан гуфт Нигина. – Вай мусиқиро аз ман бештар дӯст медорад.

– Менамояд ки вай ҳама чизро аз ту бештар дӯст медорад. Иштиҳояш қозгир асту нафсаш аз худаш калон! Лекин дуруст нафаҳмидам, ки вай алачизеба Хуҷанд омаду чува айнамиш када, шамол барин қафо баргашт?

– Ворухиҳо мегӯянд, ки барои аловгирӣ омаду рафт.

– Агар ба лаҳҷаи хуҷандӣ гӯем, беҳтар мешавад: муда-муда оташгирӣ омаду муда, хокистар шуд…

– Эй Гул, амакдухтари Нигин чӣ гуноҳ дорад, ки сухан ба масхара мегӯйӣ?

– Магар нашунидӣ, ки баробари омадан акои маро суроғ карду вайро наёфта, пуфаки дилаш хоп-холӣ шуд.

– Ман ҳам мушоҳида кардам, ки тарбузи умед якуякбора аз бағалаш афтид ва кафид. Лекин… Наход дар байни амакдухтари Нигин ва акои Гул ягон гап бошад?

– Ним гап ҳам нест! – мӯъҷаз ва мухтасар ҷавоб гардонд Нигина. –Буду шуди қисса ҳамин, ки амакдухтари ман Мирмаликро се-чор бор дида, аз ҷамоли офтобияш дилкабоб гашту чун рафтани ӯро шунид, ҷигари кабобгаштааш об шуда, аз чашмаш рехт, қалбаш сард ва ишқаш гард гашт.

– Маро чунин ишқи сохтаю бофта ба дил гарон меояд! – гуфт бо истеҳзо Гулсимо. – Чашми ҳама духтарҳои нозанини шаҳри бузурги мо ба рӯйи Мирмалик банд асту аз ишқаш обу адоянд, вале бародари хубрухсори ман сӯяшон ҳатто нимнигоҳе намекунад. Амакдухтари қишлоқии ту бошад… Ё тавба, чашмаш ростнигоҳ несту чӣ хел ҷуръат карда, ба акоям дил бастааст?!

– Ба он духтари бечора сахт хашм магир, ки нопадид шуд ва дигар пайдо намешавад. Яъне гапаш адо! – ба мавзӯъ нуқтаи таммат гузошт Саодат. – Ба акои ту, ки акои мост, секаса арӯси зӯр меёбем.

– Тарсам, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароем. Басо назарбаланд будани акои қоматбаланди моро ҳама медонанд. Як шоҳбайти Низомӣ гӯё ба акои ман дахл дорад:

Ҳафт кишвар тамом дар аҳдаш,

Духтари ҳафт шоҳ дар маҳдаш!

– Ман ҳафт шоҳдухтарро медонам, ки нозанини нозанинҳои олам эътироф шудаанд.

– Киҳо онҳо? – зуд ба шавқ омад Нигина ва Саодат ангуштони дасташро қат карда, ба лелакшумур даромад:

– Якумаш Ҳумой, духтари шоҳ Хусрави Парвиз…

Гулсимо дарҳол эрод гирифт:

– Оъ… вай мурдагӣ, вақти аз хок хестанаш шудагӣ… Зиндаҳояшро номбар кун, дугона!

–Яғминоз – духтари ҳоқони Чин, Нуран – духтари малики Ҳинд, Насрин – духтари Сақлобшоҳи турк, Дурсити – духтари Қайсари Рум, Озариюн – духтари шоҳи Мағриб ва Нозпарӣ – духтари Хоразмшоҳ.

– Акоям номи духтари подшоҳи Хоразмро ба забон гирифта, «Нозпарӣ хушхироме ба сони кабки дарӣ!» гуфта буд…

– Яъне … дар суроғи ҳамин шоҳдухтар ба Гӯрганҷ рафтааст?

–Инашро намедонам. Лекин боре акоям гуфта буд, ки духтари нозанин ва баиффат ҷустуҷӯ дорад.

– «Баиффат» чизе гуфтанӣ гап?! – бо овози ларзон пурсид Нигина аз нодонӣ шармида.

– Покдоманӣ иффат аст! – бо ғурури зебанда ҷавоб гардонд Саодат. – Даҳ равзана дорад – ҳаё, лутф, ростӣ, хайрхоҳӣ, оромӣ, сабр, виқор, парҳезкорӣ, интизом ва озодагӣ…

– Агар ин хелак духтарро ёбад, акоям ҷонашро фидо мекунад! Ҳама медонанд, ки агар ба зулфи нозанине ангушт расонаду он духтар дастнорас бошад, панҷа бар даҳани шеру мор мехалонад!

– Ин хелак духтар ёфтан ҷудо ҳам душвор…

– Оре, дугона, барои ҳамин то ҳол муҷаррад акоям. Бистуҳафтсола шуду…

– Аҷаб коре шуд! – гапро ба шӯхӣ кашид Саодат. – Арӯс ба пойи худаш омаду мо бошем.

– Э дафъ кун вай хомхаёла! Ғунча то гул нашавад, файз намебахшаду ба қавли шоир:

Маъшуқи хурдсол ба кас рӯ намедиҳад,

То ғунча нашкуфад, ба касе бӯ намедиҳад.

Ҳамин хел не, Нигина? Чаро хомӯшӣ?

– Мо, духтарҳои кӯҳистонӣ, дар ин мавзӯъ гап намезанем.

– Чаро? – баробар пурсиданд дугонаҳо.

– Шарм медорем…

– Ту дигар қишдухтар нестӣ, Нигин! Ҳеҷ вақт худро аз сӯҳбат бар канор нагир. Агар дар шаҳр хушкалом ва суханширин шавӣ, аз дарди сар халос мешавӣ, агар шармин ва гӯшанишин шавӣ, аз дарди сар васвос мешавӣ! Фаҳмидӣ?

Нигина бо аломати тасдиқ сар ҷунбонду Гулсимо саволашро тарзи дигар такрор кард:

– Гап зан, Нигина, дар Ворух худат барин гулдухтари абрӯяш хубу лабу даҳану зулфу чеҳрааш хуб ва синну солаш мувофиқ ҳаст?

– Дар Ворух духтарҳои хушрӯю нозанин лак-лак. Лекин… ба назар нонамоёнанд…

– Яъне ба назари Мирмалик наменамоянд. Оббо…

– Зиқ нашав, Гул! Мегӯянд, ки духтарҳои хоразмӣ ҳам чашми бодому рӯйи суман доранд ва мисли гул хуштароватанд. Шояд Нозпарӣ ба мазоқи акои мо хуш ояд…

– Асал ба забонат, Саодат! Э Худоҷон, дар ҳар куҷо бошад, дари бахти акоямро кушода гардон!

Нигина ҳис кард, ки дугонаҳояш боз чашм бар даҳони ӯ дӯхтаанд, нигоҳи дилчаспу дилнавози Мирмаликро дар аспрези Исфара ёд оварда, маҳин овоз баровард:

– Калонҳо «дер ояду шер ояд» мегӯянд. Ман мегӯям, ки гардиши айём бар муроди чашму дили Мирмалик бошад!

Ин ҷумлаи шаҳдомез ба ҳукми дуо қабул шуд…

Равзанаи ҳафтум. Рисолати тозаву тар ва панди покгавҳар бо забони безабонӣ

Дарси якум дар мадрасаи нав бо фотеҳаи Пири муборакнафаси Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ оғоз ёфт. Бисту як нафар духтари тақрибан ҳамсол, ки аз Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атрофи он ба умеди донишандӯзӣ ҷамъ омада буданд, чашмони пурмеҳр аз чеҳраи нуронӣ наканда, саропо гӯш шуданд.

– Аввалин мадраса дар шаҳри мо панҷсад сол муқаддам бунёд шуда буд, – гуфт Пири донои Хуҷанд пас аз салому паёми табрикӣ. –Навмусулмонҳо аз аввал бо дилгармию шавқу ғайрати хоси хуҷандӣ ба омӯзиши аҳкоми дини мубини ислом пардохтанд ва шукри Худо, ки ҳолиё пешсафу раҳнамоянд. Хуҷанди бостонӣ баъди Бухорои шариф дуввумин маркази ирфону дин асту баъди Самарқанд дуюмин сайқалгоҳи адабу маърифат! Маслиҳат медиҳам, ки шумо бо иродатмандӣ ба анъанаи мутақадамон идома бахшед, то пешоҳанги муслимаҳои Мовароуннаҳр шавед.

Эй покдухтарони бобо! Ба ман гуфтанд, ки ҳар кадоматон дар зодбуми хеш дарси савод омӯхта, дониши кофӣ андӯхтаед. Акнун вақти он фаро расида, ки илми илоҳиро муфассал ва мукаммал омӯзеду ҳамзамон аз риёзиёту нуҷуму тиб ба қадри кофӣ баҳраманд шавед.

Дар хабар аст аз Хоҷаи олам (салиаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки фармуда: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!» Яъне, аз ибтидои офариниш мардуми ҳушманд гирди дониш гаштаанд ва каломи Аллоҳро гиромӣ доштаанд. Ҳама донишномаҳо хазинаи пур аз лаълу гавҳаранд ва то қадри имкон бикӯшед, дурдонаи бештар ба каф оваред.

Пас аз хатми илму каломи Аллоҳ шогирдони мадраса, тибқи тартибот, ба ду гурӯҳ «Мушкилот» ва «Масъала» ҷудо шуда, фиқҳу усулро дар амал азбар мекунанд. Вале мо чунин маслиҳат кардем, ки шумо ба он гурӯҳҳо шомил нашуда, дар алоҳидагӣ илми адаб биёмӯзед. Азбаски он аз дувоздаҳ қисмат иборат асту пурра омӯхтанаш басо душвор, салоҳ медонем, фақат илми луғату баён, арӯз ва қофияро биёмӯзед.

Машғулиятҳои гурӯҳи адабӣ на дар мадраса, балки дар кошонаи Бибӣ Маҳастӣ баргузор мешаванд, ки ҳолиё Байтулхуҷанда ном дорад. Агар надонед, пас бидонед, ки «байт» калимаи арабӣ буда, ба тоҷикӣ ду маъно дорад – хона ва ду мисраи ба ҳам алоқаманди шеър. Яъне, Байтулхуҷанда хонаи шеър, кошонаи эҷод асту имрӯз дар ин байтушшариф олимону орифону шоирони замон Бобо Камолу Мавлоно Аҳмади Хуҷандӣ, Махдуми Булбулу Фаридаддин Масъуди Ганҷшакар, Абӯбакри Суғдию Аҷабии Хуҷандӣ, Абумуслими Рубобию Абдуҷаббори Хуҷандӣ бо сарпарастии Зиёуддини Хуҷандӣ маҳфил меангезанду маҷлиси базм ташкил мекунанд ва маро низ ба меҳмонӣ мехонанд. Акнун ман шуморо ба ин боргоҳи маърифат роҳандозӣ мекунам. Ба ҳафт гурӯҳи сенафарӣ тақсим шаведу ҳафтае як рӯз ба кошонаи Маҳастӣ марҳамат намоед. Яъне тозаву озода нигоҳ доштани ин манзили қудсӣ вазифаи ифтихории шумост, эй покдухтарони бобо!

Дар урфият мегӯянд, ки ҳар касе ба осиёб дарояд, хоҳад-нахоҳад, гардолуд мешавад. Шумо, ки минбаъд муназзам ва мунтазам ба осиёби гардони эҷод ва ҳунар ворид гардида, аз боду ҳавои илҳомбахш нафас мекашед, хоҳ-нохоҳ дар баҳри шеъру сухани ноб ба шино медароед. Мо дуо мекунем, ки Парвардигор шуморо мададгор бошад, ба ҳар кадоматон табъи зариф, завқи латиф ва илҳоми шариф ато намояд, то номбардори арзандаи Маҳастии Хуҷандӣ шавед!

Адаб омӯзу илм ҳосил кун,

То шавӣ дар ҷаҳон писандида.

Чун туро ҳеҷ манфиат надиҳад,

Насаби устухони пӯсида…


* * *


Рӯзи ҷумъа, ки ҳама аз кору таҳсил фориғ буданд, Нигинаю ду ҳамсабақаш сӯйи кошонаи Маҳастӣ роҳ пеш гирифтанд. Духтараки андак сиёҳҷурдаи пешонафарох ва дарозбинӣ, ки тарзи либоспӯшиаш ба хуҷандиёни ширрухсор монанд набуд, пешопеш қадам зада, вазифаи роҳбаладиро иҷро мекард. Вай худро Фотима бинти Абдураззоқи Араб муаррифӣ карда, аз маҳаллаи Арабон буданашро бо ифтихор таъкид намуд ва гуфт, ки волидонаш аз қабилаи машҳури Қурайш баромадаанд.

– Ҳамаи сокинони маҳаллаи мо арабҳои олитаборанд ва бо дигар хуҷандиён алоқаи хешу таборӣ ё рафтуомад надоранд. Масҷид ва қабристонамон ҳам алоҳида. Вале мадраса надорем. Аз ҳамин сабаб чанд муддат аз Бибиотуни маҳаллаи Испаракон, ки ҳамсояи мост, сабақ гирифтаю забони тоҷикӣ омӯхта, барои такмили дониш ба мадраса омадам.

Дар Хуҷанд вуҷуд доштани маҳаллаи алоҳидаи исфарагиҳо барои Нигина гапи нав буд ва дарҳол пурсид, ки он дар куҷост ва чӣ хел пайдо шудааст?

– Аз нақли падар ҳамин қадар медонам, ки панҷ аср муқаддам сипаҳсолори араб Мухаллаб Хуҷандро фатҳ карда, ҷониби офтоббарои бозори Панҷшанбе, дар паҳлӯи маҳаллаи Испаракон қалъаи нав ва хонаҳои арабӣ сохтааст. Аммо дар бораи кай омадани ҳамшаҳриёни ту тасаввуроте надорам. Ягон рӯз пеши бибиотуни ман рафта, ҳамаашро таҳпурсӣ мекунем…

Дугонаҳо муддате хомӯш қадам заданду духтараки сеюм, ки нисбатан қадпаст, аммо дарозкокул буд, худро ба Нигина ҷафс гирифта, оҳиста садо баровард:

– Эй Нигина, маро шинохтӣ?

Аз саволи ногаҳонӣ Нигина як қад парида, бо тааҷҷуби ошкоро ӯро нигарист ва бо аломати инкор сар ҷунбонд.

– Наврӯзи Унҷӣ дар ёдат ҳаст? Пеш аз рақсу суруд ҳамроҳ момакбозӣ карда будем…

Нигина аз роҳгардӣ истода, сар то пойи духтаракро бодиққат синча карду узромез гуфт:

– Мебахшӣ, ки нашинохтамат…

– Он рӯз секаса рақсидед… Мукофот гирифтед.

Нигина дарҳол гапро ба шӯхӣ кашид:

– Агар ту ҳам рақс мекардӣ, асло фаромӯш намекардам!

– Дуруст мегӯӣ, дугона. Ман ҳам рақсидан мехостам. Лекин… акоям иҷозат надод.

– Яъне ки ту аз Унҷӣ?

– Не. Хонаамон дар Кулангир… Лекин ватанамон дар кӯҳистонай.

– Яъне ту ҳам мисли ман муҳоҷирӣ, эй духтар?! – бетакаллуф ба сӯҳбат пайваст Фотима. – Хонаи ман дар маҳаллаи Арабон, лекин ватанам дар Арабистон. Оё номи ту ҳам Фотима нест?

– Номи ман Гулноз. Ватанам Масчоҳ…

– Чӣ хел ба Кулангир омадӣ?

– Падарам чӯпони Бобои Мирраҳмат. Акоям нигаҳбони аспҳо…

– Ана акнун фаҳмидам, ки чаро акоят туро рақсидан намондааст! – гапро боз ба шӯхӣ кашид Нигина. – Вайро танбеҳ мебояд дод. Пагоҳ ба хонаатон рафта…

– Акоям дар Кулангир нестай…

– Ба кӯҳистон рафтаст?

– Не, ҳамроҳи ошнояш Сабзалӣ ба сарбозӣ рафтай. Мегӯянд, ки акоям Шоҳмуроди Кӯҳистонӣ дасти чапи Мирмаликай…

Номи азизро шунидан ҳамон вуҷуди Нигина ларзид. Вале чун ҳамеша худро зуд ба даст гирифта, шӯхиро бо оҳанги аввала идома бахшид:

– Ҳоло, ки акоят нест, акнун мерақсӣ?

– Албатта! Кӯҳистони мо кони рақсай. Агар хоҳӣ, ба ту рақси остин ёд медиҳам.

– Ман рақси арабӣ ёд медиҳам! – зуд қофия баст Фотима ва духтарҳо баробар хандида, бо чеҳраи шукуфон ба манзили Бибӣ Мӯниса Маҳастии Хуҷандӣ даромаданд…

Сохти ҳавлӣ ҳамон гуна буд, ки Нигина қаблан дида буд. Аммо намудаш тамоман дигар гаштаву гулу дарахтон сабзу мунаввар шуда, аз сукути ҳавлангез нишоне ба назар нарасид. Дар суфакати нави мобайни гулбоғ ҷавонмарди хушлибосе машғули китобат менишаст ва баробари аз остона даромадани духтарон лаб ба гуфтор кушод:

– Марҳабо, эй тозагулҳои чамантироз! Лаҳзае қабл аз ташрифи шумо Пирам Подшоҳмарди Валӣ бо ҳузури хеш ин кошона муаттар гардонданду омадани шуморо таъкид карданд. Хайра мақдам, пештар биёед ва дар болои кат паҳлӯям шинед.

Зиёуддини Порсӣ аввал худро ба духтарон шиносонда, сипас ному насаб, зодгоҳи ҳар кадомро алоҳида-алоҳида пурсида, дар варақи тозаи дафтари калоне сабт карду сӯҳбати нотамомро идома бахшид:

– Имрӯз, ки дар доруламора шуғле нест, ба байтуладаб барвақттар омадам, то барои машғулияти нахустин фурсат бештар бошад.

Барои таҳлил ду байт пешниҳод мекунам, ки ҳозиракак иншо гардид ва аввалин шунаванда шумоед:

Эй маснади шаръро зи ту фарру бақо,

В-эй маҳфили илмро зи ту иззу лиқо.

Гар чарх наӣ ба мансабу қадр, чаро

Додаст ҳама кас ба қазои ту ризо?!

Шоир бо нигоҳи озмоиш духтаронро нигаристу ду суолро дар як ҷумла ғунҷонид:

– Эй тозагулҳои чаманпардоз, лутфан бигӯед, ки ин байтҳо кадом навъи шеър аст ва мамдӯҳ кист?

Нигина дид, ки дугонаҳояш карахт нишастаанд, оҳиста лаби посух во кард:

– Ин рубоӣ ба Пири Бузургвори Хуҷанд Шайх Маслиҳатдин бахшида шудааст.

– Офарин туро, эй Нигина бинти Абдулсайид, ки тавсифи ҳозирҷавобии туро қаблан шунида будам. Акнун навбати Гулноз. Бигӯ, ки дар бораи Пирам Подшоҳмарди Валӣ чӣ медонӣ?

– Ҳамсоязамини мо мулки аҷдодии Пирам Подшоҳмарди Валӣ, – оҳиста ба гап даромад Гулноз. – Дар мазори шафати Боғи калони Унҷӣ мақбараи Бобохоҷаи Авлиё ҳастай, ки тағои Ҳазрати Бузургворанд. Падарам аз он кас шунидаанд, ки мақбараи бародарашон дар Яғнобдараи Масчоҳ. Ҳар ду тағо дар тарбияи ҷияни худ бисёр кӯшиш кардаанд, чунки Ҳазрати Бузургвор аз меҳру навозиши падар бармаҳал маҳрум шудаанд…

– Он чӣ дар бораи Яғнобдара гуфтӣ, барои мо нав аст. Аз Пирам пурсида, саҳеҳ мекунем. Эй Фотима, ягон илова дорӣ?

– Дар маҳаллаи мо як шайхи садубистсолаи қурайшӣ зиндагӣ мекунад, ки донишманд асту соҳиби бисёр китобҳои таърихӣ. Вай мегӯяд, ки шаҷараи Шайх Маслиҳатдин то ҳазрати Бибӣ Фотимаи Заҳро – нури чашми пайғамбари гиромӣ саллалоҳу ъалайҳи олиҳи вас-салам мераду писархонди он Ҷаноб эътироф шудаанд. Аз ин хотир мӯйсафедҳои баруманди мо ба Пири бузурги Хуҷанд арҷ мегузоранд ва талқин мекунанд, ки эшон ситораи тобони қутби ислом ва солики сулуки авлиёуллоҳ мебошанд!

– Аз тарзи гуфторат арабдухт буданат баръало аён аст, эй Фотимаи Хуҷандӣ, -гуфт бо оҳанги таҳсин Зиёуддини Порсӣ. – Оре, Пири равшанзамири мо қутб-ул-ақтоб, яъне суфии ба ҳақрасида, олими илми раббонӣ ва шиновари баҳри маонӣ, шоири фасеҳбаён ва орифи аз вилоят бохабаранд. Шайхи бузургвори мо шукӯҳу шаҳомати шаҳри бостонии мо, қуввати дил ва раҳнамои ҳама пиру ҷавонанд, бо тахаллусҳои «Нурӣ» ва «Каломӣ» шеъру ғазал менависанду дар маҳфилҳои минбаъда беҳтару хубтар шинос мешавед.

Акнун мегузарем ба мавзӯи дигар, ки муқаддимаи машғулиятҳои амалии мост. Аз он нуқтаи назар, ки ҳар сеятон мисли се кабутар аз се ҷониб ба шаҳри мо боли парвоз кушодаед, лутфан бигӯед, ки дар бораи Хуҷанд чӣ медонед?

Ин карат аввалин шуда, Гулноз ҷавоб гуфт:

– Хуҷанд шаҳри хеле қадимай, Каюмарс пойдевор гузоштагӣ. Шаҳри хеле ободу озода ва офтобӣ, анору ангуру меваҳои аз асал ширин дорад, лекин ғалла аз Сурӯшану Фарғона мебиёранд…

Нигина нисфи суханҳои Гулнозро айнан такрор карда, ҳамагӣ се ҷумла афзуд:

– Хуҷанд шаҳри зебо, аз Канду Исфара калон ва беҳтар асту Тирози ҷаҳон мегӯянд. Одамонаш меҳмоннавоз, доно, тавоно. Хуҷанд зодгоҳи Маҳастӣ…

– Ман мисли ин духтарҳо гапи кӯчагӣ нею сухани китобӣ мегӯям. Зеро дар бораи Хуҷанд аз ду рисолаи сайёҳони араб чанд ишора хондаам, – гуфт бо виқор Фотима. – Ибни Фақиҳ дар «Ахбор-ул-булдон» менависад, ки «…ман надидаам шаҳреро дар байни шаҳрҳои шарқу ғарб тоза ва мунаҳҳазтар аз Хуҷанд. Шаҳри бой ва хеле зебост, ба тааҷҷуб ва таҳайюр меорад бинандаро. Онро ба форсӣ дилбаранда гӯянд…»

Ибни Ҳавкал дар «Китоб-ул-масолик ва мамолик» менависад, ки «Хуҷанд дар тарафи чапи дарёи Чоч воқеъ асту дарозоӣ аз паҳноияш бештар мебошад… Шаҳр ба ҳайати Фарғона дохил мешавад, аммо вилояти мустақил буда, ҳар сол сад ҳазор дирами мусайябӣ хироҷ мегузорад»

Зиёуддини Порсӣ посухи китобиро бо таҳсин пазируфт:

– Ҷавоби Фотима маро мустаҳсан афтод ва агар шумо низ ба некӣ қабул кунед, ҳар кадоматонро суд дорад. Эй тозагулҳои чамантироз, дониста бошед, ки нодонӣ нанг асту агар хоҳед, ки аз нанг раста бошед, аз омӯхтану шунидану пурсидан нанг надоред!

Ягона эроди мо ба посухи китобӣ ин аст, ки «дарёи Чоч» гуфтан хатост, зеро «оби Чоч» мисли «оби Хуҷанд» номи рудест, ки аз байни шаҳр гузашта, ба дарёи бузург мерезад. Ин рудро арабҳо Сайҳун мегӯянду муаррихони юнонӣ «Яхарте», румиҳо «Силис» мегуфтанд, аммо дар «Авасто»-и қадим «Яксарт», дар «Шоҳнома» бошад «Гулзориён» омадааст.

Умуман, оид ба шаҳри бузурги соҳили Сайҳун дар сарчашмаҳои зиёд сухан бисёр аст. Аз ин хирвор як иқтибос меорам. Сайёҳ ва ҷуғрофидони машҳури араб Муқаддасӣ китобе навиштааст бо номи «Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ил-ақолим».

Эй Фотима, унвони китобро ба тоҷикӣ гардонда метавонӣ?

– Агар хато накунам, «Тақсимоти беҳтарин барои фаҳмиши иқлим» мешавад.

– Ин китобро хондаӣ?

– Не.

– Дар китобхонаи Байтулхуҷанда ду нусха ҳаст. Якеро бигиру бихон ва ба дугонаҳоят фаҳмон. Махсусан ҷумлаи зеринро бодиққат мутолиа намо: «…агар кас хоҳад, ки хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, серию пурӣ ва арзониро бинад, бояд аз ин панҷ шаҳр якеро интихоб кунад: Қайсария, Баинаҳ, Хуҷанд, Динавар, Нукон…»

Маънии ҷумларо саҳеҳ фаҳмидед, эй тозагулҳои чамантироз?

Духтарон бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда, хестанӣ шуданд, то аз пайи рӯбучин шаванд. Вале каломи хотимавии муаддиб онҳоро нигоҳ дошт:

– Одоби таҳсил тақозо мекунад, ки агар суоле дошта бошед, беистихора бипурсед.

Фотима филҳол риштаи савол ба даст гирифт:

–Падарам мегӯянд, ки Зиёуддини Форсӣ аз ҳайси насаб ба Салмони Форсӣ – саҳобаи ҷалил-ул-қадри Пайғамбари гиромӣ саллалоҳу алайҳи ва олиҳи вассалам мепайванданд. Оё ин сухан дуруст аст?